Тавре ки дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бо вуҷуди чандин маротиба огоҳ кардани аҳолӣ, ҳалокати одамон дар иншооти обӣ ҳоло ҳам рух медиҳад. Сабаби асосии ҳалок шудани одамон оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва бе назорат гузоштани кӯдакон аз ҷониби волидонашон мебошад.

Бино ба маълумоти КҲФ, нимаи рӯзи 24 сентябр сокини 13-солаи деҳаи Кошонаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент бар асари риоя накардани қоидаҳо ҳангоми оббозӣ дар дарёи Зарафшон ғарқ шудааст.

“Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ субҳи рӯзи 25 сентябр ҷасади ноболиғ дарёфт шуд. Ҷасад ба мақомоти дахлдори шаҳр супурда шуд”, - иттилоъ медиҳад Кумита.

Кумита аз падару модарон даъват мекунад, ки ба фарзандонашон фаҳмонанд, ки мавсими оббозӣ ба охир расида, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обанборҳо ба фоҷеа оварда расонида метавонад.

Тибқи маълумоти Кумита, то моҳи июли соли 2022 дар обанборҳои кишвар 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синни то 16-сола ғарқ шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.