Як узви дигари оилаи Каримовҳо, сокинони шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки қаблан ин хонавода аз истеъмоли “икра” заҳролуд шуда, ду аъзои он фавтида буд, ба ҳалокат расидааст.
Ҷамолиддин Раҳимов, сардухтари Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, Муноҷот Каримоваи 41 сола, ки шаби 6-уми январ бо аломати тромбоэмболияи шараёни шуш ва норасоии нафас ба шӯъбаи эҳё бистарӣ шуда буд, баъди 1,5 соат ба ҳалокат расид.
Номбурда гуфт, Муноҷот Каримоваро наздиконаш дар ҳолати вазнин ба беморхона оварданд ва марги ӯ ба бемории ҳасибак, ки ӯ қариб ду моҳ пеш баъди хӯрдани “икра” бо аҳли оилааш гирифтор шуда буд, рабт надорад.
Ёдовар мешавем, ки 8 узви оилаи Каримовҳо баъди истеъмоли икра (салати хонагӣ) заҳролуд шуда, ду аъзои он-модару духтар Умринисо ва Муҳтарам Каримова фавтида буданд.
6-нафари дигар аҳли оила баъди табобат мураххаз шуда ба хонаашон баргашта буданд. Аммо марги боз як тан аз узви ин оила сару садоҳоро ба миён овард, ки ба сокинон марги ӯро ба бемории қаблан гирифторшуда (ҳасибак) ё зарҳролудшавии ин хонадон рабт медоданд.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста