Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ду узви як оила аз дуди ангишт зарҳролуд шуда, яке фавтида, дуюмӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ангишт шаби 5-уми январи соли равон дар деҳаи Қалъаи Дӯст, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич рух додааст.
Ҳоҷисайдалӣ Саидов, раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Қалъи Дӯст дар суҳбат бо “Азия-Плюс” , гуфт, заҳролудшудаҳо зану шавҳар Ҳоҷисаидбаён Саидмуродови 80-сола ва Нурӣ Саидмуродоваи 77-сола мебошанд.
Ӯ бо истинод ба Саидаброр Саидмуродов фарзанди марҳум афзуд, ки ҳодиса шаби 4-5-уми рух додааст ва вақте онҳо субҳ ба дидорбинии онҳо рафтанд, аллакай падараш фавтидаву модараш аз ҳуш рафта буд.
Гуфта мешавад, ки онҳо танҳо мезистанд ва эҳтимол вақте дуд хонаро фаро гирифт, онҳо хоб буданд.

Ҳоло рӯзи чорум аст, ки Саидмуродова Нурӣ дар шуъбаи эҳёи беморхонаи марказӣ бистарӣ аст.
Келдимурод Қодиров, духтури шӯъбаи эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ҳолати занро миёна арзиёбӣ кард ва гуфт пагоҳ ба шуъбаи табобатӣ мегузронанд.
“Соати 9:00-и рӯзи 5-уми январ бемор, Нурӣ Саидмуродоваро ба беморхона оварданд, ки дараҷаи заҳролудшавӣ вазнин ва беҳуш буд. Бо воситаи кислород ва дигар кӯмаки аввалияи тиббӣ организми занро аз гази карбон тоза кардем”, - гуфт ӯ.
Ба иттилои номбурда, давоми як ҳафтаи соли равон ин дуввумин ҳодисаи заҳролудшавии сокинони ноҳия аст. Рӯзи 2-юми январ як ҷавон аз деҳаи Хуҷаҳои ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо аломатҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар фасли сармо сокинон, ба хусус дар деҳот барои гарм намудани хонаҳояшон аз ангишт истифода менамоянд. Роҳҳои нодурусти истифодаи ангишт боиси заҳролудшавии инсон мегардад, ки оқибаташ ҳатто марг буда метавонад.
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2025
"Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ
“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста