Давоми як соат пас аз оғози бориши барфи шадид дар кишвар, аз километри 53 то 81 - уми роҳи Душанбе- Чаноқ қариб 30 тармаи хурду калон фаромадааст. Дар ин бора аз “IRS” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ҳоло кормандони ин ширкат якҷо бо намояндагони мақомоти дигари дахлдор барои тозакунии тармаи фаромада, талош карда истодаанд.
“Дар ҳамоҳангӣ бо БДА ВКД ҶТ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда шуд”, - афзуд манбаъ.
Ширкати мазкур, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад таъкид кардааст, ки бориши барф торафт шиддат гирифта, хавфи фаромадани тармаҳои нав мавҷуд аст.
Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар гуфтанд, ки роҳҳои дигари ҷумҳурӣ кушода буда, ҳаракати нақлиёт таъмин аст.
Масъулини шаркати “IRS” аз сокинони кишвар даъват намудаанд, ки то ба эътидол омадани вазъият аз сафар тавассути роҳи Душанбе - Чаноқ худдорӣ намоянд.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ гуфтанд, ки хатари тармафароӣ то 15-уми январ боқӣ мемонад.
Гуфтан лозим аст, ки тибқи пешгӯи мутахассисони ҳавошиносии кишвар, гурӯъ аз имрӯз, 10-уми январ дар кишвар сардшавии ҳаво мушоҳида мешавад ва чанд рӯз идома мекунад. Дар ин муддат, дар саросари кишвар бориши барфу боронҳои пуршиддат дар назар аст.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста