Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҳар чор нафаре, ки дар ҳодисаи 9-уми январи соли равон дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия ҷон доданд, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Ин ниҳоди дипломатӣ шоми дирӯз, 9-уми январ гуфта буд, ки ду нафари онҳо шаҳврандони Тоҷикистон буда, шахсияти ду нафари дигар аз ҷониби мақомот маълум карда мешавад.
“Сафорати Тоҷикистон дар Русия вобаста ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Русия рух дода буд, бо изҳори таассуф хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти мақомоти дахлдори кишвари иқомат ҳар чор нафар ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”, - омадааст дар иттилоияи сафорат, ки имрӯз, 10- уми январ нашр шуд.
Мусъулини сафорат гуфтаанд, ки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан ба наздикону пайвандони фавтидагон кумак мерасонад.
“Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск қарор дорад”, - зикр мешавад дар иттилоияи онҳо.
Ёдовар мешавем, ки субҳи дирӯз, 9-уми январи соли 2023, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи нақлиётӣ, ки гуфта мешуд, дар натиҷаи он, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, паҳн гардид.
“Азия-Плюс” барои шарҳи ҳодисаи мазкур ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат карда буд.
Аз ниҳоди дипломатӣ дирӯз, 9-уми январ гуфтанд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, барои муайян кардани шахсияти ду нафари дигар кор идома дорад.
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
“Талаби оташбас барои 30 рӯз ва мубодилаи асирон”. Мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия оғоз ёфт
“Шиддати сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси коҳиши вуруди муҳоҷирон гардид”
“Худоро фаромӯш накунед”. Абдурозиқ ба Душанбе баргашт ва бо “Азия-Плюс” мусоҳиба орост
Coca-Cola барои тағйироти нек рӯҳбаланд мекунад. Дар Тоҷикистон маъракаи “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?” оғоз ёфт
Боз як корхонаи насбу васл ва истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш дар Данғара бунёд мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Мусобиқаи давидан ва веломарафон дар Душанбе. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд
Кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 санади калидии кори низомҳои энергетикиро имзо карданд
Боз як қаҳрамонии муҳоҷир дар Русия. Ӯ се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста