Дар пайи як сӯхтор дар шаҳри Душанбе писари Рамазон Мирзозода, подполковники милитсия ва сардори шуъбаи корҳои дохилии ВКД дар ноҳияи Варзоб фавтидааст. Дар ин бора чанде аз сокинони маҳаллӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Онҳо гуфтанд, сӯхтор субҳи 18-уми январ дар хонаи истиқоматии Рамазон Мирзозода, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душабе (дар наздикии НБО Варзоб) рух додааст.
Дар Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабари рух додани ҳодисаро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, вале аз ибрози ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ намуданд.
Мо натавонистем аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар робита ба ҳодисаи мазкур иттилоъ дастрас намоем.
Ҳамчунин, маълум нест, ки сабабу омили сӯхтор чӣ аст ва кормандони идораи сӯхторхомӯшкунӣ кай ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.
Кӯшишҳои мо барои дарёфти шарҳи расмӣ аз шуъбаи Хадамоти оташнишонии ноҳия, ҳукумат ва ШКД дар ноҳияи Варзоб бенатиҷа анҷом ёфт.
Бояд гуфт, дар робита ба сӯхтори яке аз хонаҳои истиқоматӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор паҳн гардид ва ба эҳтимоли зиёд, ин ҳодисаи сӯхтори хонаи сардори ШКД дар ноҳияи Варзоб аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки бинобар сардиҳои ҳаво, дар кишвар ҳодисаи сӯхтор афзоиш ёфта, фавти одамон низ ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ҷумла, 14-уми январ, дар пайи сӯхтори манзили истиқоматӣ як сокини 70-солаи Хуҷанд ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин, 17-уми январ дар шаҳри Ҳисор масҷиде ба коми оташ рафт, ки сабаби асосии сар задани сӯхтор хомӯш накардани фарши гарм гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 10-уми январ дар Тоҷикистон ҳавои сард ҳукмрон аст ва сокинон барои гарм кардани хонаҳову коргоҳи худ аз таҷҳизоти барқӣ истифода мекунанд ва мақомот омили мазкурро яке аз сабабҳои асосии афзоиши ҳодисаи сӯхтор маънидод мекунанд.
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста