Соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 700 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби 46 (соли 2021-ум 52) ҳодиса, хисороти офатҳои табиӣ 53 миллиону 261 ҳазору 500 сомониро ташкил додааст. Дар ин бора рӯзи 7-уми феврал ба хабарнигорон Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.
Ба иттилои ӯ, ҳаҷми хисорот назар ба соли 2021 88 миллиону 723 ҳазор сомонӣ камтар аст: соли 2021 офатҳои табиӣ ба кишвар 141 миллиону 984 ҳазору 500 сомонӣ хисорот ворид карда буд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2022 назар ба як соли пеш 338 ҳодиса бештар рух додааст.
“Ин ба он далел аст, ки дар соли гузашта шумораи ҳолатҳои фавқулодаи густурда камтар буд", - шарҳ дод Имомалӣ Иброҳимзода.
Номбурда гуфт, соли гузашта бар асари офатҳои табиӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин рақам дар соли 2021-ум низ 8 нафар будааст.
Ба иттилои Имомалӣ Иброҳимзода, соли 2022 бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёву кӯлҳои кишвар 160 нафар (дар соли 2021 159 нафар) ғарқ гашта, ба ҳалокат расидаанд.
“Аз ин шумора синни то 4-сола 11 нафар, аз 5 то 10-сола 25 нафар, аз 11 то 16-сола 44 нафар, аз 17 то 35-сола 49 нафар ва аз 35 сола боло 29 нафарро мебошанд”, - гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.
Соли 2022 наҷотдиҳандагон 44 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста