Теъдоди ҷонбохтагони заминларзаи маргбори рӯзи душанбе, 6-уми феврал, дар Туркия ва Сурия, ба беш аз се ҳазор нафар расид.
Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи заминларзаҳо танҳо дар Туркия беш аз 2921 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 15834 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад ҳудуди 5606 бино тахриб шудааст.
Дар Сурия бошад теъдоди қурбониён беш аз 960 нафар гуфта мешавад.
Расонаҳои туркӣ дар бораи наҷоти беш аз 7,8 ҳазор нафар аз зери харобаҳо хабар медиҳанд. Ба иттилои Routers, сардии ҳаво талошҳо барои ёфтани бозмондагон дар зери харобаҳоро бо мушкил рӯбарӯ кардааст.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, дар пай ин ҳодисаи маргбор як ҳафтаро мотами умумимиллӣ эълон кардааст.
Ин заминларза бо шиддати 7.8 балл манотиқи ҷанубу шарқи Туркия ва шимоли Сурияро такон дод. Баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз заминларзаи дигаре бо шиддати 7.5 бал рух дод, ки омори қурбониёнро беш аз ҳадд боло бурд.
Дар ҳамин ҳол Эрдуғон гуфтааст, ки аз 45 кишвар ҷаҳон барои кумак ба осебдидагон пешниҳод гирифтааст. Кишварҳои зиёд, аз ҷумла Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон наҷотдиҳандагони худро ба Туркия фиристодаанд.
Бояд гуфт, ки ин омор ниҳоӣ нест ва теъдоди он рӯ ба афзоиш аст.
Ёдовар мешавем, ки заминларзаи дирӯз (7,7 балл) пурқувваттарин заминларза дар таърихи Туркия аз соли 1939 буд.
Он замон қариб 33 ҳазор нафар фавтида, ҳудуди 100 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуда буданд.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста