Дар шимоли Тоҷикистон алайҳи як сокини 23-солаи шаҳри Истаравшан, ки дар захмӣ кардани ҳамсараш ва бародари ноболиғи ӯ гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, хабар медиҳад маркази матбуотии ВКД ҶТ.
Гуфта мешавад, ки гумонбаршуда рӯзи 9-уми феврал тахминан соати 23:00 ба хонаи волидайни ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри мазкур даромадааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоме ки ҳамсараш хоб будааст, бо корд 3-4 маротиба ба аъзои бадани ӯ ва 1 маротиба ба бадани додарарӯсаш, ноболиғи 8-сола, ки дар паҳлӯи ҳамсараш хоб буд, задааст.
“Дар натиҷа номбурдагон ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд”, - омадааст дар хабари ВКД.
Тавре дар хабар омадааст, мард аз ҳиссиёти рашк ба ин амали бераҳмона даст задааст. Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2025
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста