Тоҷикистон рӯзҳои наздик бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза осебдидаи Сурия 50 тонна кумаки башардӯстона мефиристад, аммо дар барои ирсоли наҷотдиҳандагон муроҷиат нагирифтааст.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ имрӯз, 17-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфт, кумаки Тоҷикистон ба Сурия аз маводи хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор ва маводи беҳдоштӣ иборат хоҳад буд.

Қаблан расонаи ҳукуматии АМИТ “Ховар” навишта буд, Тоҷикистон ба Туркия, ки аз заминларза бештар зарар дидааст, 100 тонна кумаки башардӯстона мефиристад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чанд рӯз пас аз заминларзаи шадид дар Сурияву Туркия гуфта буд, ки 50 наҷотдиҳандаи тоҷик ба Туркия сафарбар шуданд ва ҳамчунин, ба ин кишвар 25 тонна кумаки башардӯстона фиристода шуд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 6-уми феврал заминларзаи сахт як қисмати Туркия ва Сурияро такон дод ва дар пайи ин, тибқи маълумоти то ҳол дастрасгардида, беш аз 40 ҳазор нафар ҷон бохтанд ва даҳҳо ҳазори дигар захм бардоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.