Дар вилояти Хатой дар ҷанубу шарқи Туркия, дар наздикии марз бо Сурия заминларзаи шадиди навбатӣ рух дод, хабар медиҳад хабаргузории DW.

Ба иттилои манбаъ маркази сейсмологии Аврупову Баҳри Миёназамин (EMSC) шоми душанбеи 20-уми феврал хабар додааст, ки шиддати он 6,4 балл будааст.

Заминларза дар Лубнон, Сурия, Миср ва Исроил низ эҳсос шудааст.

Расонаҳои туркӣ аз қатъи пурраи барқ   дар вилояти Хатой хабар медиҳанд.

Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркия гуфтааст, ки бар асари ин заминларза се нафар ба ҳалокат расида 213 нафари дигар захмӣ ва ба бемористонҳо мунтақил шудаанд.

Маркази заминларза дар наздикии шаҳри Самандаг дар соҳили баҳри Миёназамин воқеъ будааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар шаҳри Антакя дар ҷануби Туркия чанд бино осеб дидаанд, хабар медиҳад хабаргузории Reuters.

Бояд гуфт, ки имдодгарони Тоҷикистон дар вилояти Ҳатай ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот сафарбар шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта пеш чандин заминларзаи харобиовари пай дар пай дар марзи Туркияву Сурия рух дод, ки дар натиҷа беш аз 46 ҳазор нафар дар ҳарду кишвар ба ҳалокат расиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.