Сорбон Холмуҳаммадзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари тар натиҷаи тармафуроӣ ба сохторҳои соҳаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расидаро 1,7 миллион сомонӣ баҳогузорӣ намуд.
Тавре саҳифи фейсбукии МИҲД - и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар медиҳад, Сорбон Холмуҳаммадзода, дирӯз, 21-уми феврал, дар ҷаласаи Ситоди назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод ва гуфт, сарфи назар аз он, ки садамаҳо сари вақт бартараф ва сокинони вилоят бо нерӯи барқ таъмин гардиданд, дар пайи офатҳои табиии такрорӣ дар баъзе қисматҳои алоҳидаи вилоят, боз норасогӣ ба назар мерасад ва дар давоми рӯз бартарафкунии он идома хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, дар зимни ҷаласа Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва роҳбари Ситод таъкид намудааст, ки пеш аз ҳама сокинонеро, ки дар хонаи хешу табор ҷойгир шудаанд, ба ҷойи алоҳида кӯчонида, барои барқарор намудани хонаҳое, ки қисман вайрон шудаанд, тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.
“Тибқи эҳтиёҷот барои Вазорати нақлиёт 10 тонна ва ноҳияҳои вилоят 5 тоннагӣ сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шавад, зеро дар ҳолати кушода нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди вилоят яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулон ба ҳисоб меравад”, - гуфтааст Қоҳир Расулзода.
Бояд гуфт, ки Қоҳир Расулзода 20-уми феврал ба шаҳри Хоруғ, ки дар пайи тармафуроӣ чандин нафар ба ҳалокат расидаву даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд, сафар кард ва бо вазъ шинос шуд. Ӯ аз аҳволи зарардидагон ва ҷароҳатбардоштагон низ дидан кард.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи тармафуроӣ дар ВМКБ 18 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Пас аз ин, аз Фонди захиравии президент ба ҳар оилаи қурбонии тарма дар ВМКБ 40 ҳазор ва барои осебдидагон 10 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста