Дар радабандии ҷаҳонӣ аз лиҳози иқтидори ҳарбӣ Global Firepower Тоҷикистон дар байни 145 кишвар зинаи 120-умро ишғол намуд. Шохис (индекс)-и кишвар 2,6403 холро ташкил дод.

Соли 2021 миёни 138 кишвари ҷаҳон ҷумҳурӣ дар мақоми 111-ум қарор дошт.

Гуфта мешавад, ҳар қадре индекси кишвар паст бошад, ҳамон қадр иқтидорӣ ҳарбӣ зиёдтар аст. Мутахассисони радабандӣ (рейтинг) ба 60 омил баҳогузорӣ кардаанд, аз ҷумла хароҷот ба мудофиа, шумори артиш, дастрасӣ ба захираҳое, ки ба ҳолати ҷангии артиш таъсир мерасонанд ва ғайра.

Омили доштани яроқи ядроӣ (ҳастаӣ) ба назар гирфта нашудааст.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон зинаи 62-юм (1.0692), Қазоқистон - мақоми 63-юм (1.0873), Туркманистон - ҷойи 82-юм (1.5986) ва Қирғизистон - зинаи 107-ум (2.1703)-ро ишғол кардаанд. Афғонистон дар мақоми 1114-ум (2.3118) ҷойгир аст.

Зинаҳои аввали радабандиро аз лиҳози иқтидорӣ ҳарбӣ ИМА, Русия ва Чин касб кардаанд. Дар зинаи охир Бутан қарор дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.