Дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд бар асари заминларзаи ҳафтаи гузашта 318 хона осеб дида, аз ин шумор 4-тоаш пурра ва 53 хона қисман хароб гардидаанд. Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумори умумии биноҳои харобшуда, ки бештар дар деҳаи Палдорак (165 хона) аст, маҳз дар ҳамин ҷо 4 хона пурра, 37 бинои дигар қисман ва 124 бино сабук осеб дидаанд.

“Тибқи хулосаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода, биноҳои истиқоматии харобшуда ва иншооти ёрирасон бидуни риояи қоидаву қоидаҳои сохтмонӣ сохта шудаанд”, - гуфт сухангӯ.

Умеда Юсуфӣ афзуд, ки ҳамаи биноҳои харобшуда дар нимҳамворӣ ва теппаҳо ҷойгир буда, таҳкурсӣ надоштанд, девору чӯбу тахтаашон фарсуда ва муҳлати истифодаашон ба охир расида буд.

Ба гуфтаи номбурда, дар пайи ин ҳодиса 3 нафар ҷароҳат бардошта, 18 сар чорвои калони шохдор ва 27 сар чорвои майда ба ҳалокат расидаанд.

Мавриди зикр аст, ки сокинони гуногуни кишвар барои осебдидагони зилзила дар Кӯҳистони Мастчоҳ кумак фиристоданд.

Бояд гуфт ки 23 март дар кишвар ду заминларза ба қайд гирифта шуд. Аввалин ҳодиса соати 1:07 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази заминларза дар 6-7 километрии деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гуфта шудааст.

Қувваи заминларза дар маркази заминларза 5-6 балл, дар ноҳияи Рашт 4-5 балл, дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст.

Заминларзаи дуввум дар умқи 40 километр соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ сабт шуда, ин дафъа қувваи зилзила 4,8 балро ташкил додааст. Дар шаҳри Душанбе қувваи заминларза 1-2 бал ва дар минтақаи Рашт 2 балро ташкил додааст.

Ёдовар мешавем, ки худи ҳамон рӯз таҳти роҳбарии сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 26 март, соати 18:14 ба вақти маҳаллӣ боз заминларза рух дод. Маркази заминларза ин дафъа дар 291 километр ҷанубу шарқи Душанбе ва 129 километр аз Хоруғи Афғонистон гуфта мешавад. Дар маркази заминларза қувваи зилзила 4 балл, дар Душанбе 2 баллро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.