Дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ, мавзеъи ба ҳам омадани сойи Зиракӣ бо Даҳанасой садди муҳофизатии Сойи Даҳана ба масофаи 150 метр рахна гардида, тавассути заминҳои кишт ба пули роҳи мошингузари самти фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб таҳдид намудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Кормандони КҲФ тавонистаанд барои пешгирӣ намудан аз харобшавии пул ва роҳ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
“Ба зудӣ маҷрои об дар қисмати боло тағйир дода шуд ва хатар ба пулу роҳ кам гардид”, - навиштааст КҲФ.
Аммо дар шаҳри Кӯлоб сел қубури бузурги оби нӯшокии диаметраш 300 мм дар сойи Тебалайро хароб кардааст. Инчунин, иншооти ёрирасони сокинони деҳаи Тудакафш қисман фурӯ рафтааст.
Ҳамчунин, бар асари боронҳои пуршиддати рӯзҳои 3-4 апрели соли 2023 дар километри 11-уми шоҳроҳи байналмиллалии Данғара - Бохтар, дар байни деҳаҳои ҷамоати деҳоти Сангтӯда 10 қубури обгузар ва 2 - 3 километр роҳи мошингард қисман шуста шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар пайи сел дар минтақаи Кӯлоб молхонаи як сокини деҳа хароб шуда, 1 сар чорвои калон ва 10 сар чорвои хурд талаф ёфтаанд.
Ҳоло Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Кӯлоб ҳаҷми зарарро муайян намуда истодааст ва кормандони КҲФ ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тақвият бахшидаанд.
Панҷ: 66 хона ва ва 159 га замин зери обу лойқа мондаанд
Дар пайи омадани сел ба деҳаи Селга ва Пахтакори ноҳия Панҷ 66 хонаи истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасон зери обу лойқа монда, 1 хона дар деҳаи Пахтакор қисман зарар дидааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Ба навиштаи ин ниҳод, сел 4-уми апрел, соати 00:20 дақиқа омадааст ва 159 га замини хоҷагии деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон зери обу лойқа мондааст.
“Айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад”, - менависад КҲФ ва МГ.
Қаблан нашрияи вилоятии Хатлон иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи сели шаби 3 ба 4-уми апрел зиёда аз 100 манзили истиқоматии сокинони деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ зарар дидаанд.
Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 3-7 апрели соли равон бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.
Гуфта мешавад, рӯзҳои 4-6-уми апрел дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста