Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санк-Петербург ҷасади кӯдаки 2-солаи тоҷик, ки бар асари афтидан аз ошёнаи 4-уми бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Тосненскийи вилояти Ленингради Русия, дирӯз, 12-уми апрел дар беморхона даргузашт, ба Тоҷикистон мефиристад. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
Сафорат гуфтааст, ки аз марги кӯдак дар ҷараён буд, “тасаллияти амиқи худро ба хешу пайвандони фавтида изҳор менамояд”.
“Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида ҷиҳати интиқол додани ҷасад ба Ватан изҳори омодагӣ намуд”, - омадааст дар иттилоияи Сафорат.
Ҳомидҷон Назарӣ, консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки шабона вазъи саломатиаш бадтар шуд ва “табибон ҳаёти кӯдакро наҷот дода натавонистанд”.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш як кӯдаки 2-солаи тоҷик аз қабати 4-уми бино ба замин сарозер шуда, бо захмҳои ҷиддӣ ба беморхона бурда шуд.
Гуфта мешавад, ки кӯдак аз беэҳтиётии волидайн ба замин афтодааст. Дар вақти ҳодиса, волидайнаш ба рӯбучин машғул буданд ва кӯдак ҳангоми баромадан ба панҷараи тиреза, ки дар сатҳи диван буд, аз тирезаи кушода ба замин сарозер шудааст.
Падари кӯдак 10 моҳ пеш аз Тоҷикистон ба Русия барои кор рафта, зану фарзандонаш (ба ҷуз кӯдаки марҳум дар хонавода ду кӯдаки дигар ҳастанд)-ро ба наздаш хонда буд.
Пас аз ин ҳодиса модарро ба далели надоштани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Ба гуфтаи Назарӣ, ҳоло ин зан озод шуда, ба Тоҷикистон меравад.
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Боздошти як ҷавон бо гумони куштори хоҳараш бо 9 зарби корд
Ҷабҳаи муқовимат ҳушдор додааст, ки ДОИШ қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро дорад
Таҳкими озодии баён ва дифоъ аз журналистон. 25 соли роҳи пур аз шебу фарози АМВАОМТ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дониши бесамар”
Кушта шудани беш аз 10 кас дар пайи таркиши дастгоҳҳои паёмрасон дар Лубнон
Корфармоёну корҷӯён барои як “дидори кӯтоҳмуддат” дар Душанбе гирдиҳам омаданд
“Рейд” дар марказҳои дилхушӣ. 230 нафар дар доираи амалиёти “Ахлоқ” ба милитсия оварда шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста