Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмони Ҳисорро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон мекунад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар байни растаҳои чӯбу тахта ба амал омадааст.
Гуфта мешавад, ҳаҷми зиёни аз сӯхтор расида аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад.
Соати 04:16 дақиқаи рӯзи 31 август ба оташнишонон дар бораи сар задани сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонии "Ҳисор", воқеъ дар кӯчаи Уроқ Аловуддинови шаҳр хабар мерасад.
“Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор нуқтаҳои савдои чӯбу тахта ва хизматрасонӣ дар масоҳати 400 метри мураббаъро фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар нуқтаҳои савдо ба миён омадааст”, - гуфта мешавад дар хабари Вазорат.
Ба иттилои ВКД, ба туфайли сафарбар намудани қувва ва воситаҳо сӯхтор дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки талафоти ҷониву шахсони осебдида дар натиҷаи сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст.