Бино ба гузоришҳо, Корай Вурал, як шаҳрванди Туркия, дар Тоҷикистон “рабуда шудааст”. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз хабарро тасдиқ ё такзиб накарданд. Дар ин бора centralasian.org иттилоъ медиҳад.
Ин расона бо такя ба сомонаи “Кроносо” менависад, ки Корай Вурал мудири пешини яке аз мактабҳои наздик ба рӯҳонии турк Фатҳулло Гюлен дар Душанбе буд, аммо солҳои охир тиҷорат мекард.
Ин манбаъ аз қавли наздикони Вурал навиштааст, “ӯро субҳи 16-уми сентябр ҳашт нафар аз назди тарабхонаи туркии "Özyurt" дар Душанбе гирифта бурдаанд”.
Баъзе аз расонаҳои наздик ба Фатҳулло Гюлен, аз ҷумла телевизиони “Саманйолу”, ҳам хабар доданд, ки Корай Вурал рабуда шудааст. “Саманйолу” навишт, ки Корал Вурай барои сокин шудан дар як кишвари амн ба Созмони Милал дархост дода, мунтазири посух истода буд.
Сумейра ва Ёсамин Нур, ки дар шабакаи иҷтимоии X (Twitter) худро духтарони Корай Вурал ном бурдаанд, барои раҳоии ӯ мадад хостанд.
Мақомоти Тоҷикистон ва Туркия то ҳол дар робита ба хабари рабуда шудани Корай Вурал чизе нагуфтаанд.
Сомонаи “Кронос” навишт, Вурали 46-соларо субҳи 17-уми сентябр бо ҳавопаймое аз Душанбе ба Истанбул фиристодаанд.
Наздиконаш мегӯянд, Корай Вурал 28 соли охир дар Тоҷикистон мезист. Ӯ то соли 2016 мудири яке аз литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар Душанбе буда, ба гуфтаи онҳо, баъд аз баста шудани мактаб соҳибкорӣ мекард.
Бори аввал нест, ки шахсони наздик ба ҷунбиши рӯҳонии турк Фатҳулло Гюлен дар Тоҷикистон рабуда ва дар шароити мармуз ба Туркия фиристода мешаванд.
Моҳи июли имсол Эмсал Коч, мудири пешини маркази “Диалог” дар Душанбе, аз Тоҷикистон ба Туркия бурда шуд. Маркази озодии Стокҳолм бо такя ба сомонаи хабарии Bold Medya гуфт, “ин шаҳрванди Туркияро ғайриқонунӣ ба Туркия бурданд”.
Баъд аз табадуллоти нофарҷоми соли 2016 дар Туркия, ҳукумати ин кишвар тарафдорони Фатҳулло Гюленро ҳадаф қарор дод. Дар муддати ҳафт сол садҳо нафар дар Туркия бо гумони пайравӣ ва ҳамфикрӣ бо Гюлен дастгиру зиндонӣ шудаанд ва ё дар ҷустуҷӯ ҳастанд.
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Дар Қирғизистон “Толибон”-ро махфиёна аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста