Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро як нафар қасдан оташ задааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 1:45 дақиқаи шаби 20-уми сентябр ба Маркази алоқаи хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд хабар расид, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров сӯхтор сар задааст.
Баъд аз расидани хабар, барои хомӯш кардани оташ 11 нақлиёти оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудааст.
“Ҳангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани кормандон муайян гардид, ки сӯхтор дар бинои таълимии 5, дар масоҳати 400 метри мураббаъ сар задааст”, - хабар додааст ВКД.
Ин ниҳод меафзояд, ки пас аз хомӯш кардани сӯхтор ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз рӯи характери паҳншавии сӯхтор муайян шуд, ки ин ҳодисаи нохуш қасдан содир шудааст.
“Дар натиҷаи таҳқиқ ошкор гардид, ки ин кирдори ношоиста аз ҷониби шаҳрванд Ҳайдаров Абдусаттор Ғафурович, сокини ш. Хуҷанд ки соли таваллудаш 1967 мебошад, сар задааст”, - омадааст дар хабари ВКД.
Маълум нест, ки ин шаҳрванд барои чӣ муассисаи олиро оташ задааст. Мақомот ҳам шарҳ надоданд ва таъкид намуданд, ки тафтишот сабаби оташ задани бинои донишгоҳро муайян хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки сӯхтор дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сар задааст.
Онҳо зикр карданд, ки феълан тамоми мавод оид ба ин ҳодиса ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардида, тафтишот оғоз шудааст.
“Боми бинои сеошёна комилан хароб шуда, масоҳати умумии сӯхтор 400 метри мураббаъро ташкил додааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Бинои таълимии факултети таърих ва ҳуқуқ дар ҳудуди маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Солҳои пеш дар ин бино факултетҳои забону адабиёти рус ва шарқшиносӣ низ фаъолият мекарданд.
Ҳанӯз хисороти ниҳоии сӯхтор муайян карда нашудааст.
Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар ин хусус тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд калонтарин муассисаи олии шимолӣ Тоҷикистон буда, он дорои 8 бинои таълимист.
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста