Дар Мастчоҳ зуҳри имрӯз аз як оила дастикам 5 нафар дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтанд. Гуфта мешавад, ки ин оила ба пешвози фарзанди муҳоҷирашон ба Хуҷанд рафта ва бо ӯ ба хона бармегаштанд.
Дар садамаи нақлиётие, ки зуҳри имрӯз дар даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ рух дод, дастикам 7 сокини ин ноҳия ба ҳалокат расиданд, ки 2 нафарашон ноболиғ мебошанд.
Ба иттилои як масъул ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, 5 нафари онҳо узви як оила ҳастанд ва сокинони ҷамоати деҳоти Фотеҳободи ноҳия мебошанд.
Онҳо субҳи имрӯз барои пешвози фарзандашон ба Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд рафтаанд.
"Баъди пешвози муҳоҷир, падари хонадон ва дигар аҳли оила ба самти ноҳияи ҳаракат карданд. Дар роҳи даромадгоҳи ноҳия нақлиёти сабукрави кироякаш (таксӣ), ки самти ҳаракаташ Ойбек - Душанбе буд, бо мошини ҳомили 5 узви як оила бармехӯрад", - гуфт масъул.
Мақомот то ҳол расман дар ин бора маълумот надодаанд.
Сабаби рух додани ҳодиса ҳам дақиқ нест.
Бозёфте, ки дар замони худ нагунҷид. Ёде аз овозхони маъруф Олим Бобоев
Ба оилаҳои камбизоат чӣ қадар кумакпӯлӣ дода мешавад?
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон барои гирифтани $20 ҳазор пора
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ширкат мекунад
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста