Кормандони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҷасади як ҷавони 15-солаеро, ки дар дарёи Сир ғарқ шуда буд, пайдо карданд.
Мирзораҳим Абдуллоев, бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, Комрон Ҷӯраеви 15-сола, сокини шаҳри Хуҷанд субҳи 13-уми август дар дарёи Сир ғарқ шудааст.
Ба иттилои ӯ, Комрон Ҷӯраев дар минтақаи барои оббозӣ мамнӯи дарёи Сир, ҳудуди маҳаллаҳои 12 ва 13-и шаҳри Хуҷанд оббозӣ кардааст ва ғарқ шудааст.
“Баъди дарёфти иттилоъ аз сӯйи падари ҷавони ғарқшуда, кормандони Раёсат ҷустуҷӯро оғоз карда, дар муддати хеле кӯтоҳ ҷасади ҷавонро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супориданд”, - гуфт Мирзораҳим Абдуллоев.
Бояд гуфт, ғарқшавии ноболиғон дар дарёи Сир ҳодисаи нав нест. Ду сол пеш айнан дар ҳамин минтақае, ки Комрон Ҷӯраев ғарқ шуд, ду хонандаи мактаб низ ғарқ шуда буданд.
Танҳо дар давоми шаш моҳи имсол аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудиаи гражданӣ дар вилояти Суғд 24 ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 7 нафар ҳангоми оббозӣ ва 5 нафар бо қасди худкушӣ ғарқ шудаанд. 12 нафари дигар дар натиҷаи садамаҳое, ки нақлиёт ба кулу дарёҳо сарозер шудааст, ба ҳалокат расидаанд.
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2025
Аз “Худои зинда”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” то “Қиёми рӯз”. Синамои тоҷик пас аз 95 сол чӣ набз дорад?
Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоиро ҳам ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2025
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста