Пулиси Амрико марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷикро таҳқиқ мекунад. Ӯ бо номи Сабина Росас низ машҳур буд ва ҷасадаш дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Ҳэмптони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайдо шудааст.

Сабина Хуррамдил дар Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 2009 ба ИМА кӯчид ва дар доираи тарҳи иҷтимоии “Руъё” ба муаррифии фарҳангу ҳунари Осиёи Марказӣ маъруф буд.

Ба иттилои The Sun, мақомот гуфтааст, ҷасади Сабинаро рӯзи душанбе, 28-уми октябр, кормандони меҳмонхонае дар осоишгоҳи “Shou Sugi Ban House”, дар ҳуҷраи меҳмонон пайдо кардаанд.

Ба навиштаи ин расона, мақомоти Амрико дар куштори Сабина Томас Гэннони 56-соларо, ки гуфта мешавад бо ӯ дӯст буду равобит дошт, гумонбар медонад. Ҷасади Гэннон дар манзили шахсиаш дар аёлати Пенсилвания ёфт шудааст. Пулис гуфтааст, гумонбари қатли Сабина баъди куштор худкушӣ кардааст.

Томас Гэннон (аз рост) бо Сабина Хуррамдил (аз чап) ва устоди ӯ Лиз Филлипс (дар марказ)
Акс аз сомонаи dailymail.co

Дар аксу наворҳое, ки таҳқиқ шудааст, дида мешавад, ки қаблан Сабина Хуррамдил ва Томас Гэннон якҷо дар осоишгоҳи Вотер-Милл буданд. Гэннон меҳмонхонаро рӯзи душанбе танҳо тарк мекунад.

Оилаи Сабина дар изҳороти мухтасари матуботӣ навиштааст, ки ӯ фарзанди сеюм ва дӯстдоштаи оилаашон буд. Онҳо аз ҷомеаву сохторҳои қудратӣ хостаанд, ки барои таҳқиқи қазияи марги мармузи духтарашон мусоидат кунанд.

Сабина Хуррамдил солҳои охир дар минтақаи Брукилини Ню-Йорк мезист ва барои рушди фарҳанг ва ҳамкории ҷомеаи Осиёи Марказӣ талош мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.