Чор узви як оила аз ҷамоати деҳоти Дӯстии деҳаи Ашти ноҳияи Ашт дар муҳоҷирати корӣ дар пайи сӯхтор ба ҳалокат расидаанд.
Сардори оила Бойназар Хушназарови 54-сола, келинаш Сарвиноз Бойназароваи 27-сола ва ду наберааш рӯзи 3-юми ноябр дар бӯстонсарои канори шаҳри Сургути Русия, ки дар он сӯхтор рух дод, ҷон бохтанд.
Дар ин бора рӯзи 11-уми ноябр бародари Сарвиноз Бойназарова, Шаҳриёр Бекмирзоев ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.
Расонаҳои Русия низ қабалн дар ин бора хабар дода буданд.
Бекмирзоев гуфт, кӯдакони хоҳараш Раҳимов Ёсин 1,6-сола ва Илҳомзода Фараҳнози 4-сола буданд.
Умарҷон Маҳмудҷонов, имомхатиби масҷиди ҷамоати деҳоти Ашт ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳамаи фавтидагон рӯзи ҷуъаи 8-уми ноябр ба хок супорида шуданд.
Гуфта мешавад, ки се сол пеш ҳамсари Бойназар аз бемории вазнин фавтида буд. Баъди марги ҳамсар падари хонадон бо фарзанду арӯс ва набераҳояш барои пеш бурдани зиндагии худ ба Русия рафта буданд.
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Оғози ҷамъоварии маълумоти биометрӣ. Аз 1 декабр дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург (қисми 2)”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо ва вазъи обуҳаво барои 6 декабри соли 2024
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста