Субҳи имрӯз, 17-уми март дар пойгоҳи сӯзишвории ҶДММ “3-ГАНҶ”-и ноҳияи Спитамен сӯхтор рух дод, ки дар пайи он як кас ҷон бохта, як нафар ҷароҳати вазнин бардоштааст. Дар ин бора Насимҷон Сулаймонзода, сардори бахши Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Спитамен ба “Азия –Плюс иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки сӯхтор соати 7:55-и субҳ рух дод, вале “масъулини пойгоҳ ба хадамоти давлатии оташнишонӣ иттилоъ надодаанд" ва ин ниҳод худ огоҳ шуда, ба ҷои ҳодиса рафтанд.
Маълум нест, ки чаро масъулини ширкат ба қисми оташнишонӣ дар бораи сӯхтор иттилоъ надодаанд.
Ба гуфтаи Насимҷон Сулаймонзода ба ҷойи ҳодиса гуруҳи корӣ аз қисмҳои оташнишонӣ дар ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Хуҷанд бо 11 нақлиёти сӯхторхомушкунӣ рафтаанд.
“Аз сабабе, ки алангаи оташ баланд шуда буд, хомӯш кардани он мушкил буд ва дер давом кард. Сӯхтор соати 10 хомӯш карда шуд”,- гуфт номбурда.
Ин масъули хадамоти оташнишонӣ гуфт, ки яке аз сабабҳои сар задани сӯхтор риоя накардани талаботи зиддисӯхтор аз ҷониби пойгоҳи сӯзишворӣ аст.
“Вақти бо сӯзишворӣ пур кардани мошин он оташ мегирад ва оҳиста-оҳиста алангаи оташ баланд шуда, ҳудуди бештарро фаро мегирад. Дар натиҷа як нафар ҳалок шуда, як нафари дигар ҷароҳати вазнин бардошт, ки ба беморхона бурда шуд”,-гуфт Сулаймонзода.
Манбаъ гуфт, ки сабабҳои дигари сӯхтор, масоҳат ва зиёни молии расидашуда муайян карда мешавад.
Бояд гуфт, ки назари пойгоҳи сӯзишвории ҶДММ “3-ГАНҶ” дар робита ба сӯхтор маълум нест ва ҳамзамон аниқ нест, ки дар натиҷаи сӯхтор ин пойгоҳ чӣ миқдор хисороти молиявӣ дидааст.
Ёдрас мешавем, ки субҳи имрӯз корбарони саҳифаҳои “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли чанд аксу наворҳо гуфтанд, ки дар ноҳияи Спитамен сӯхтор сар задааст. Дар наворҳое, ки корбарон фиристоданд дида мешавад, ки маҳалле оташ гирифта, алангаи оташ баланд аст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохила давоми соли 2024 дар Тоҷикистон 1 ҳазору 175 сӯхтор сар задааст, ки дар натиҷаи онҳо 17 нафар, аз ҷумла, 11 ноболиғ ҷони худро аз даст додаанд. Соли 2023 1 ҳазору 269 сӯхтор рух дода, дар онҳо 23 нафар ба ҳалокат расида буданд.




Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста