Дар пайи боришоти рӯзҳои охир хатари омадани сел то 20-уми апрели соли ҷорӣ боқӣ мемонад. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фақулода (КҲФ) хабар дода, аз шаҳрвандон хостааст, ки боэҳтиёт бошанд ва аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дирӯз, 18-уми апрел бар асари бориши шадиди борон дар бархе минтақаҳои кишвар сел омадаааст, ки дар натиҷа бархе роҳҳо баста шудаанд.
Манбаъ навиштааст, ки бар асари боридани борон дар чанд қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Лаби Ҷар дар ноҳияи Сангвор сел омада, ин масирро бастааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ноҳияи Лахш низ сел омада, роҳи деҳаи байни ҷамоати Лахш ва Лахши Болоро бастааст. Қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, низ бар асари омадани сел баста шудааст.
Кумита таъкид кардааст, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус ва кормандони хадамоти роҳ барои тоза кардани шоҳроҳҳо сафарбар шудаанд. Вале манбаъ дақиқ нагуфтааст, ки роҳҳо кай боз мешаванд.
ҚҲФ гуфтааст, дар пайи ин селҳо ки ягон кас осеб надидааст ва хисороти ҷиддӣ низ ба қайд гирифта нашудааст.
Ин ниҳод бори дигар ёдрас шудааст, ки рӯзҳои 18-20 апрел дар Тоҷикистон боридани борони шадид, раъду барқ, жола ва барф дар баландиҳо пешбинӣ шудааст. Дар баъзе минтақаҳо болоравии оби дарёҳо, фаромадани ярч ва обхезӣ низ имконпазир аст.
Дар робита ба ин, КҲФ аз аҳолӣ хостааст, ки чораҳои бехатариро риоя карда, аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Кумита гуфтааст, дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба ҳодисаҳои хатарнок шаҳрвандон бо рақамҳои 112 ё (+992) 938802819, 2231311 занг зада, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста