Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба инфиҷори шадид дар бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандари Эрон, ки бар асари он ҳудуди 40 нафар ҷон бохта, боз беш аз ҳазорҳо нафар захму ҷароҳат бардоштанд, ба раиси ҷумҳури ин кишвар Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

“Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бар асари он ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди мардум боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Бо эълони ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи фоҷеабор ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷрӯҳон шифои комил масъалат дорам”, - зикр мешавад дар барқия.

Қобили зикр аст, ки инфиҷори шадид шадид дар бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандари Эрон рӯзи 26 апрел рух дод. Бар асари инфиҷори шадид бар асоси охирин маълумот, 40 нафар ҷон бохта, беш аз 1100 нафар захму ҷароҳат гирифтанд.

Тавре ки “Би-би-си” хабар медиҳад, барои хомӯш карани сӯхтор кори бандар боздошта шуд. Бино ба маълумоти расонаҳои Эрон, дар натиҷаи таркиш тирезаҳо дар масоҳати якчанд километр шикаста шуда, дар наворҳои интернет дида мешавад, ки пас аз таркиш абри ба занбурӯғ моннанд пайдо шуд.

Акс аз торнамои с сайта vesti.az

Вазорати тандурустии Эрон дар музофоти Ҳурмузгон ҳолати фавқулода эълон карда, аз аҳолӣ дархост намуд, ки дар дохили хонаҳо бошанд ва тирезаҳоро пӯшида нигоҳ дошта, ба рӯяшон ниқоб андозанд.

Рӯзи якшанбе, 27 апрел дар Бандар-Аббос ҳамаи мактаб ва муассисаҳои давлатӣ баста шуда, дар шаҳрҳои ҳамсоя мақомот ба мардум дастур доданд, ки бидуни зарурат ба кӯча набароянд ва ниқобҳои муҳофизатӣ пӯшанд.

1/4

Раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён аз ҷойи ҳодиса боздид кард. Президенти Русия Владимир Путин барои кумак дар хомӯш кардани сӯхтор дар Бандар-Аббос ба Эрон якчанд ҳавопаймо фиристод.

Мақомоти Эрон ҳоло расман сабаби таркишро шарҳ надодаанд. Тибқи яке аз фарзияҳо, ҳодиса эҳтимол бар асари нодуруст нигаҳ доштан ва рафтор бо маводи хатарноки тарканда, ки дар контейнери таркибҳои истеҳсоли сӯзишворӣ барои мушакҳо ҷойгир буд, рух дода бошад.

Дар пайи инфиҷор дар шаҳри Бандар Аббос имрӯз, 28-уми апрел дар саросари Эрон мотами миллӣ эълон шудааст. Ҳамчунин, рӯзи гузашта 27-уми апрел дар вилояти Ҳурмузгони ин кишвар давоми се рӯз азои умум эълом шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.