Чанд рӯз пеш қаҳрамонии муҳоҷири тоҷик, ки се кӯдакро дар Русия аз сӯхтор наҷот дод, дар сархати расонаҳои Тоҷикистон ва Русия қарор гирифт. Ӯ чаҳор маротиба ба хонаи оташгирифта ворид шуда як – як кӯдаконро аз коми оташ наҷот додааст. Қаҳрамонии ӯ боиси таҳсини корбарони зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

“Азия-Плюс” ин ҷавонро пайдо ва бо ӯ атрофи ин ҳодиса ва кору фаъолияташ суҳбат намуд.

Саидвалӣ Шарифов, зодаи шаҳри Файзобод аст. Ӯ 32 сол дорад ва қариб 16 сол инҷониб ба Русия барои кор меравад. Ӯ дар яке аз корхонаҳои вилояти Свердловски Русия ба ҳайси челонгар кор мекунад. Ҳамчунин, баъди кор ва рӯзҳои истироҳатӣ ба кирокашӣ машғул мешавад.

Ба нақли ҳамсӯҳбати мо, сӯхтор шоми 14-уми май дар ошёнаи аввали бинои панҷошёнае дар минтақаи Березовскийи вилояти Свердловск рух додааст. Ӯ вақте, ки аз дорухона бармегашт, садои фиғон ва имдодталабии кӯдаки хӯрдсолро шунида, ба кӯмаки ӯ шитофт.

 

Саидвалӣ Шарифов бо кӯдаконе, ки наҷот дод

“Мардум рафту омад мекарданд вале ҳеҷ кас ба фарёди кӯдакон, ки “моро наҷот диҳед” мегуфтанд, аҳамият намедод. Давида аз тирезае, ки боз буд вориди хона шудам ва зуд як кӯдакро ба берун баровардам. Одамон гуфтанд, ки дар хона боз кӯдак ҳаст. Дубора ба хона дохил шуда, кӯдаки дуюмро пайдо ва зуд аз онҷо баромадам. Мардуме, ки ҷамъ омада буданд гуфтанд, ки соҳибхона панҷ фарзанд дорад ва дар дохил боз кӯдакон ҳастанд. Маротибаи сеюм вақте ба хона наздик шудам, аллакай ҳамаҷоро дуди ғализ фаро гирифта буд ва як ҳуҷраву ошпазхона оташ гирифта буд”, - нақл мекунад Шарифов.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки бо сабабе, ки нафаскашиаш душвор шуд аз тирезаи хона нафаси тоза гирифта, бори дигар ба ҷустуҷӯ сар кардааст.

“Хона ду ҳуҷраву як ошпазхона дошт. Аллакай як ҳуҷраву ошпазхона оташ гирифта буданд. Дар равшании оташ дидам, ки ҳеҷ кас дар дохил нест. Ба як ҳуҷра ҳанӯз оташ нарасида буд.  Ба ҳуҷра даромадам, бо сабабе, ки дуди сиёҳ ҳамаҷоро фаро гирифта буд, мушоҳида кардан имконнопазир буд. Баъди чанд лаҳзаи ҷустуҷӯ кӯдакро аз болои кати хоб пайдо кардам, ки беҳол шуда буд, зуд ба берун баровардам”, - нақл кард Саидвалӣ Шарифов

Ӯ мегӯяд, ки бо шунидани онки дар дохил боз кӯдак ҳаст маротибаи чорум ба хона ворид шуда ҳамаҷоро мушоҳида кардааст, ки ягон кас нест. Баъдан маълум мешавад, ки ду фарзанди дигари соҳибхона дар берун будаанд. Ӯ зуд хонаро такр мекунад, чун имкони таркидани газ зиёд буд.

 


“Тарс надоштам. Вақте фарёди кӯдаконро шунидам, тоқат карда натавонистам. Ягон нафар ҳам набуд, ки онҳоро наҷот диҳад. Хадамоти оташнишонӣ низ ҳанӯз нарасида буданд. Вазифаи инсонии худро иҷро кардам. Ба назари ман, дар ин ҳолат бетараф будан имкон надорад”, - мегӯяд Саидвалӣ.

Шарифов ҳамчунин зикр кард, ки сокинони ҷамъомада ӯро барои берун баровардани гурба ва саг низ талқин карданд, аммо дигар имкони вориди хона шудан набуд, чун алангаи оташ аллакай ҳаммаро фаро гирифта буд.

Ба нақли қаҳрамони мо, дар вақти сӯхтор модари қӯдакон дар ҷойи кориаш будааст. Фарзанди калонии хонавода, ки парастории кӯдаконро ба уҳда доштааст дар берун будааст. Сабаби сар задани сӯхтор маълум нест.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ки солҳост дар ин шаҳрак зиндагӣ мекунад ва сокинони маҳаллӣ вайро мешиносанд. Баъди ин ҳодиса ба Саидвалӣ Шарифов бисёриҳо ташаккур гуфтанд ва ӯро қаҳрамон хонданд.

Ба гуфтаи муҳоҷири тоҷик, барои қаҳрамониаш маҷлиси вакилони халқи минтақаи Березовский ва як вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Свердловс сипоснома тақдим кардаанд ва бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ намудаанд.

 


Ҳамчунин аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Свердловск гуфтаанд, ки барояш медал низ тақдим мегардад.

Саидвалӣ мегӯяд, бо ҳуҷҷати истиқомати муваққатӣ (ВНЖ) дар ин кишвар кору фаъолият мекунад. Дар пайи таъқибҳои охире, ки бар зидди муҳоҷирон сурат мегиранд, ӯ мегӯяд, ки бо тавсияи дӯстон дар расонаҳо мусоҳиба додааст ва ҳуввияти худро зикр кардааст.

Ӯ бовар дорад, ки расонаӣ шудани корҳои неки муҳоҷирон барои хубтар шудани шароити кории онҳо мусоидат мекунад. Аммо расонаҳои Русия тоҷик будани ӯро зикр накардаанд.

 

Қаҳрамониҳои дигари муҳоҷирони тоҷик

Бояд зикр кард, ки ин дуввумин ҳодисаи ҷон дар хатар гузошта, ба сокинони Русия кумак кардани муҳоҷирон давоми як моҳи охир аст, ки расонаӣ мешавад.

Аввали ҳамин моҳ Отабек Мадраҳимов, як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав сӯхтори мошинро хомӯш карда буд. Ӯ бо мошини обкаши худ оташи мошини алангагирифтаро хомӯш кард ва навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид.

Баъди ин ҳодиса ба Отабек Мадраҳимов бисёриҳо ташаккур гуфтанд, вале ба қавли худаш, мақомоти Русия ӯро суроғ накарданд ва расонаҳои ин кишвар ҳам дар бораи қаҳрамонии ӯ хабаре надоданд.

Танҳо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо ин ҷавони тоҷик сӯҳбат карда, ба ӯ “Раҳматнома” тақдим кардааст.

Пештар аз ин дар вилояти Маскав Бахтиёр Исмоилов, як тоҷикистонии дигар кӯдаки 11-моҳаро аз канори шоҳроҳ наҷот дода, ба наздиконаш супорид.

Муҳаммадҷон Обидов, колорасони 23-солаи зодаи Тоҷикистон, моҳи июли соли 2024 дар Маскав духтараки навзодеро аз марде наҷот дод, ки дар ҳолати мастӣ ӯро рабудан мехост.

Мисоли дигар, Ҳасан Авғонов, зодаи 58-солаи Тоҷикистон соли гузашта сарфи назар аз синну вазъи нохуби саломатӣ, вақте додхоҳии кӯдакони дар ҳоли ғарқшавиро шунид, ба яхоба даромада, писарчаҳоро наҷот дод.

Аммо ба қавли худи муҳоҷирон сарфи назар аз ҳамаи ин, мақомоти Русия ҳамоно ба муҳоҷирон дидгоҳи некбинона надоранд. Расонаҳои ин кишвар дар аксар ҳолат аз кӯчактарин қоидавайронкунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар умум, кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳанд, аз инъикоси рафтори хуби онҳо дар бештари ҳолатҳо худдорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.