Дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии "Air India", ки ҳомили 242 мусофир буд, суқут кардааст. Дар ҳавопаймо 230 мусофир ва 12 сарнишину хидматрасон будаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳавопаймо рӯзи 12-уми июн аз шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон ба шаҳри Лондони Британияи Кабар парвоз мекард. Вале пас аз чанд лаҳзаи парвоз дар як маҳалли истиқоматӣ суқут кардааст.
Тибқи иттилои охирин, дасти кам 110 мусофири он дар ин ҳодиса ҷон бохтаанд. Тақдир мусофирони дигар ва сарнишинони ҳавопаймо маълум нест.
Сабаби суқути ҳавопаймо то кунун маълум нест. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки хадамоти ёрии таъҷилӣ ва оташнишонӣ дар ҷои ҳодиса ҳастанд.
"Air India" дар саҳифааш дар "Х" навиштааст, ки ки дар ҳавопаймо 169 шаҳрванди Ҳиндустон, 53 шаҳрванди Бритониё, як шаҳрванди Канада ва ҳафт шаҳрванди Португалия буданд.

Дар наворҳое, ки баъди суқути ҳавопаймо дар расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки баробари ба замин афтодани ҳавопаймо аз маҳалли ҳодиса ба осмон оташ намоён мешавад.
Бори аввал нест, ки як ҳавопаймои мусофиркашонӣ суқут мекунад. Моҳи декабри соли гузашта, як ҳавопаймои масофирбари ширкати “Azerbaijan Airlines"-и Озарбойҷон, ки бо 67 мусофир ва ҳайати сарнишин аз Боку ба шаҳри Грознийи Чеченистон парвоз мекард, дар наздикии фурудгоҳи минтақаи Оқтауи ҷануби Қазоқистон суқут кард. Дар пайи ин ҳодиса тақрибан 40 мусофиру сарнишин ҷон доданд.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста