Ҷасади Исмоил Раҳмонов, муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ), ки ду соли пеш, ба қавли мақомот, аз сӯйи як подполковники ВКД рабуда, ба дарёи Фон партофта шуда буд, то ҳол пайдо нагардидааст. Наздикони ӯ мегӯянд, ба дарёфти ҷасади номбурда умед надоранд.
Аҳлиддин Шарипов, хоҳарзодаи Исмоил Раҳмонов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз ҷасади тағояшро пайдо накардаанд.
“Бо гузашти чанд вақт аз ҳодиса чанд маротиба аз мақомот пурсидем, ки ҷасадро пайдо карданд ё не. Мегуфтанд, ҷустуҷӯ идома дорад, худамон ҳам ҷасадро кофтем, аммо мутаасифона натиҷа надод. Аллакай аз ин ҳодиса ду сол гузашт ва мо низ умеди худро аз пайдо шудани ҷасади тағоям кандаем”,- гуфт ӯ.
Маълум нест, ки мақомот ҷустуҷӯи ҷасадро қатъ кардаанд ё то ҳол идома дорад. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофоаи гражданӣ (КҲФ) ба ин савол посух надоданд. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо масъулини ин ниҳод тамос гирифт ва ҳам ба бинои Кумита рафт, вале ба саволи худ посухе дарёфт накард.
Ёдовар мешавем, ки Исмоил Раҳмонов рӯзи 12-уми июни соли 2023 аз яке аз маҳаллаҳои Душанбе рабуда шуд. Додситонии кулли кишвар баъдтар хабар дод, ки бо гумони рабудани ин омӯзгор, подполковники Вазорати корҳои дохилӣ Акмал Юсуфзода ҳамроҳи хешовандаш Исмоилҷон Шукуров боздошт шудааст.

Ин ниҳод гуфт, ки Акмал Юсуфзода бо ҳамроҳи Исмоилҷон Шукуров шаби 12-уми июни соли 2023, “бо нияти ҷазо додан”, Исмоил Раҳмоновро рабуда, ба ноҳияи Айнӣ мебаранд ва бо мақсади ба қатл расонидан ӯро ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ба гуфтаи додситонӣ, сабаби ин ҳодиса рашки Юсуфзода аз мукотибаи Исмоил Раҳмонов бо ҳамсараш будааст. Аммо пайвандони омӯзгор гуфтанд, Исмоил Раҳмонов бо ҳамсари Акмал Юсуфзода дар ДДТТ танҳо ҳамкор буданд ва миёни онҳо ягон робитаи дигар ҷой надошт.
Вале назари худи Юсуфзода, вакили дифоъ ва пайвандони ӯ маълум нест.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврали соли 2024 Акмал Юсуфзода, подполковники пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД-ро ба 19 сол ва Исмоилҷон Шукуров, хеши ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кард.
Акмал Юсуфзода бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ одамрабоӣ бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 130 қисми 2) ва куштор бо бераҳмии махсус (моддаи 104 қисми 2) гунаҳкор шудааст. Исмоилҷон Шукуров бошад, ба одамрабоӣ гунаҳкор дониста шуд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Аз зери пилла ба авҷи қулла
Аз либосу паҳпод то чархбол. Дар намоишгоҳи маҳсулоти нассоҷӣ ва дигар молҳои Тоҷикистону Қирғизистон чӣ ба маъраз гузошта шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 июли соли 2025
Аз фурудгоҳ то Донишгоҳи аграрӣ. Кӯчаҳои асосии Душанбе барои се моҳ баста мешаванд
15 рӯз мӯҳлат ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ барои тарки Тоҷикистон. Кумитаи паноҳҷӯён гуфт, касе шикоят накардааст
“Сомон-Эйр” ҳам парвозҳо миёни Душанбе ва Теҳронро барқарор мекунад
Рақобатҳо барои унвон дар Ҳисору Тошканд. Кӣ дар "CAFA Nations Cup-2025" қаҳрамон мешавад?
Сабтином барои кор дар Корея оғоз гардид. Ба куҷо ва бо кадом ҳуҷҷатҳо бояд муроҷиат кард?
Дар Тоҷикистон 343 гектар заминҳои партофташуда ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шуд
Тоҷикистону вилояти Свердловск ният доранд, коркарди муштараки сурмаро роҳандозӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста