Ҷасади Ёсамин Абдуллохонзодаи дусола, ки гуфта мешавад, ҳамроҳ бо ду хоҳару як бародараш аз сӯйи модараш ба дарёӣ Сурхоб дар ноҳияи Фархор андохта шуд, пас аз ҳашт рӯз, аз дарёи Панҷ аз сӯйи Афғонистон пайдо шудааст. Як хоҳари ӯ то ҳол пайдо нашудааст. Ҷасади як хоҳару як бародари дигараш ҳамон рӯзи ба дарё андохтан ёфт шуда буданд.
Ёсамин Абдуллохонзодаро ҳамроҳ бо ду хоҳару як бародари хурдсолаш, тибқи иттилои то ин лаҳза дастрас, модараш Мадина Ҳалимова якҷо бо худ шаби 29 ба 30-юми июн ба дарёи Сурхоб дар ноҳияи Фархор партофт.
Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҷасади Ёсамин Абдуллохонзодаро сокинони Афғонистон аз дарёи Панҷ, ки ин кишварро аз Тоҷикистон ҷудо мекунад, пайдо кардаанд ва ба мақомоти Тоҷикистон супоридаанд.
“Кормандони мо то ҳудуди Афғонистон ҷасади ин ду духтаракро ҷустуҷӯ карданд. Ҷасади Ёсамини 2-сола аз сӯйи афғонистониҳо пайдо шуд, аммо то ҳол Латофат Абдуллохонзодаи панҷсола пайдо нашудааст”,-гуфтанд аз ин ниҳод.
Қаблан, мақомот дар бораи дарёфти ҷасади Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола ва Муҳаммад Шарифзодаи 2-моҳа дар рӯзи ҳодиса иттилоъ дода буданд.
Модари онҳо Мадина Ҳалимова бошад, зинда аз об берун шуда, ҳоло дар боздошт аст.
Ёдовар мешавем, ки нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд.
Баъдтар КҲФ ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, ки сабаби ҳодиса “баҳси дузанагӣ” аст. Вале дертар, шавҳари ин зан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ин фарзияро рад карда, “бемори рӯҳӣ” будани ин модарро сабаби фоҷеа муаррифӣ кард. Ин фарзияро падари зан ҳам тасдиқ намуд.
Тафсилоти ҳодиса ва суҳбати шавҳару падари мадина Ҳалимоваро дар маводи “Бемори рӯҳӣ ё қасос барои зани дуюм? Суҳбат бо шавҳару падари зане, ки чор фарзандашро ба дарё андохт” мутолиа кунед.



Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста