Шаби 7-ум ба 8-уми сентябри соли 2025 ҳодисаи табии гирифти Моҳ ё Моҳи хунин (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) рух медиҳад. Сокинони кишвар метавонанд дар Расадхонаи ситорашиносии Ҳисор гирифти Моҳро мушоҳида кунанд ва ба саволҳояшон дар ин маврид посух гиранд.
Аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки гирифти пурраи Моҳ аз соати 20:28 то 01:55 рух медиҳад.
“Институти астрофизикаи АМИТ вобаста ба ин ҳодиса барномаи “Рӯзи дарҳои боз”-ро эълон кардааст. Барнома 7-уми сентябр соати 20:00 оғоз мешавад. Сокинони Тоҷикистон метавонанд ин ҳодисаро аз телескопи Расадхонаи Ҳисор ба таври ройгон мушоҳида кунанд”,-гуфтанд аз Институти астрофизика.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи барнома меҳмонон ҳамчунин имконият доранд доир ба сайёраҳои Муштарӣ ва Зуҳал маълумоти бештар гиранд.
Барои сабти ном ва маълумоти бештар бо ин рақамҳо - 50-180-0330, 98-756-2122 ва 1111-8-2122 дар тамос шавед.
Бояд гуфт, гирифти Моҳ дар як сол аз 2 то 4 маротиба рух медиҳад ва як раванди табиӣ буда, ба саломатии инсонҳо ҳеҷ таъсире намерасонад.
Бори охир 14-уми марти имсол ҳодисаи табии гирифти Моҳ рух дода буд.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста