Масъулини соҳаи маориф ба иддаои Меҳмед Бозоров, хонандаи як мактаби шаҳри Левакант, ки гуфт, “бар асари зарбаи омӯзгор майнаи сараш осеб дида, 15 рӯз дар бемористон бистарӣ буд” вокуниш карда, гуфтанд, ки хонандаи синфи 11 аз сӯи омӯзгор танҳо “як шаппотӣ” хӯрд, вале осеби ҷиддӣ набардоштааст.

Шуъбаи маорифи шаҳри Левакант дар як вокуниши расмӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 6-уми сентябр дар мактаби №4-и деҳаи Боҳтуробод рух дода, баъди рафтори номуносиб ва гапгардонӣ ба омӯзгор аз сӯи Меҳмед Бозоров, омӯзгор “худро идора карда натониста, ба руйи хонанда як шаппотӣ задааст”.

Ба навиштаи манбаъ, хонанда баъди ин воқеа барои “пуштибонӣ” амакашро ба мактаб даъват мекунад ва вақте ӯ бо амакаш Бозоров Ҷамол асли корро нақл мекунад, аз ҳуш меравад.

“...амаки хонанда Бозоров Ҷамол, ки худ корманди тиб аст, ҳолати аз ҳуш рафтаи хонандаро сабти видеои карда, расонаӣ намудааст. Баъдан хонандаро ба беморхонаи марказии шаҳри Левакант бурдаанд. Таҳлилгоҳи марказии вилоятии "Акси шифо" чунин натиҷа додааст, ки хонанда ягон осеби ҷиддӣ надорад ва сари ӯ пурра сиҳату саломат аст”, - омадааст дар вокуниши бахши маориф.

Дар он зикр мешавад, ки Меҳмед Бозоров 6 рӯз дар беморхона бистарӣ буд ва табибон вазъи ӯро хуб арзёбӣ карда, рухсат доданд. Вале модараш “ба гуфтаҳои табибон бовар накарда, иддао намудааст, ки писараш пурра табобат карда шавад” ва хонанда боз 7 рӯзи дигар бистарӣ гардидааст.

Намогирифт аз наворе ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд

Бахши маориф таъкид карда, ки омӯзгор тамоми хароҷоти табобатро пардохт намудааст ва айни ҳол хонанда пурра саломат буда, дар дарсҳо иштирок дорад.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз ҷузъиёти ҳодисаи мазкур пурра огоҳанд ва бо омӯзгор ва волидайни хонанда сӯҳбат карданд.

“Фарҳод Назаров омӯзгори ҷавон аст, ӯ набояд ба хушунат роҳ медод, вале хонанда ҳам беэҳтиромӣ кардааст. Гуноҳ аз ду ҷониб аст”, - гуфтанд аз вазорат.

Гуфта шудааст, ки қазия зери тафтишоти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад.

Назари хонанда ва волидони ӯ ба ҷузъиёти нашркардаи бахши маорифи шаҳри Левакант маълум нест. “Азия-Плюс” натавонист бо онҳо суҳбат кунад.

 

Ҷараёни ҳодиса аз забони хонанда

Навори бе ҳушу ёд дар замин хоб кардани ин хонанада дирӯз, 30-юми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Дертар Радиои Озодӣ аз қавли Меҳмед Бозоров ва волидайнаш навишт, хонанда рӯзи 6-уми сентябр аз сӯи омӯзгор “дар пушти гарданаш зарби сангин хӯрда”, беҳуш шудааст.

Хонанда гуфтааст, мехост дар вақти танаффус барои қалам равад ва сухани омӯзгорро нашунида, дари синфхонаро пӯшид. Маҳз ҳамин чиз боиси хашми омӯзгор шуд ва ӯ ба пушти сари ӯ бо зарба зад, ки “вақте ба худ омадам, дидам, ки дар беморхона бистарӣ ҳастам”.

Дар санадҳои тиббӣ, ки ин расона дастрас кардааст, навишта шудааст, ки хонанда “латтукӯб шудааст” ва “майнаи сараш осеб дидааст”.

Волидайни Меҳмед Бозоров гуфтаанд, ки ба Шуъбаи корҳои дохилӣ аризаи шикоятӣ навиштаанд, вале то он вақт ҷавобе нагирифта буданд.

Ҷангу даъвои омӯзгору хонанда дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Танҳо дар соли гузашта се қазияи даъво дар мактабҳо – яке дар шаҳри Бохтар ва ду ҳолати дигар дар ноҳияи Ховалинг расонаӣ гашта буд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта пас аз зиёд расонаӣ шудани хабарҳо дар бораи озордиҳӣ миёни хонандагон барои маъмурияти мактабҳо, роҳбарони синфҳо ва омӯзгорон дастурамали методӣ перомуни пешгирӣ аз озордиҳӣ ё киберозордиҳӣ таҳия шуд. Он дастурамал аз чӣ иборат аст, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар латукӯб дар мактабҳои кишвар кӣ гунаҳкор аст: омӯзгор, хонанда ё волидон? Дар ин матлаб ба ин савол посух ҷӯед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.