Мақомот гуфтанд, “беназорат гузоштани оташ дар нуқтаи сихкабобпазӣ” боиси сар задани сӯхтор дар тарабхонаи туркии “Читир Уста” (Citir Usta) дар Душанбе шудааст.
Баъд аз зуҳри 11-уми октябр дар ин тарабхона сӯхтор сар зад. Навори сӯхтори тарабхона нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард.
Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, сӯхтор масоҳати 3 метри мураббаъро фаро гирифта, зарари расида 600 сомонӣ мебошад.
“Сӯхтор дар дудбарои тарабхонаи ҶДММ “Ҳалими Олим” (Citir Usta) мансуб ба соҳибкор Умар Бақоев, сокини шаҳри Душанбе сар задааст. Молу мулке, ки аз оташ наҷот дода шуд, 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”,-гуфтанд аз ин ниҳод.
Аз Сарраёсат гуфтанд, "сӯхторхомушкунон зуд ба ҷои ҳодиса расида, оташро саривақт хомӯш карданд".
Ба қавли мақомот, дар пайи ин сӯхтор ягон кас осеб надидааст.
Бояд гуфт, ки оташ гирифтани тарабхонаҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд иттифоқ меафтад, ки мақомот аксаран сабаби сӯхторро расиши сим ё аз беэҳтиётии худи масъулин унвон медиҳанд.
Аз ҷумла моҳи июни соли ҷорӣ дар тарабхонаи “Яккасарой (Family)” ё собиқ “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд сӯхтор сар зад, ки дар пайи он 80% тарабхона ба коми оташ рафт. Масоҳати тарабхонаи сеошёна, ки дар маҷмуъ, 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ду ошёнаи болоии он пурра сухта нобуд шуд.
Тибқи иттилои ВКД, дар 6 моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 564 сӯхтор сар задааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024 (497 ҳодиса) 33 ҳолат бештар будааст. Дар пайи ин сӯхторҳо 14 нафар ҷон бохта 87 нафар аз коми оташ наҷот ёфтаанд. Зарари расида аз сӯхторҳои ним соли гузашта 15 миллиону 662 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.




“Ҳунарманди асил бояд мавқеи худро дошта бошад!” Ба ифтихори зодрӯзи Ҳабибулло Абдураззоқов
Пиряхи “Деҳдал” дар се рӯз 72 метр ҳаракат кардааст. Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳолати онро “пешгӯинашаванда” мегӯяд
ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистону Эрон қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир”-ро қабул кард
Файзулло Файзов: “Маҳмадсаид Шоҳиён шахсан Қурбон Собирро барои нақши Ҷомӣ пешниҳод кард!”
Ширкати “Сомон Эйр” ният дорад аз ширкати Boeing то 14 ҳавопаймои нав харидорӣ кунад
“Ман аҳамияти ин минтақаро дарк мекунам”. Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп мулоқот кард
Гузориш аз таҷлили Рӯзи театри тоҷик. Нахустнамоиши “Ричарди III” дар Театри Лоҳутӣ чӣ гуна гузашт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 ноябри соли 2025
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста