Дар Рашт як зану шаҳвар дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт ҷон бохтааст. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имрӯз ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карданд, аммо ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надоданд.
Қаблан, Радиои Озодӣ дар такя ба як манбаи худ аз ҳукумати Рашт гуфта буд, ҳодиса шаби 5 ба 6-и декабр дар деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳия рух додааст.
Ба навиштаи ин расона, оилаи мазкур ду моҳ пеш хонадор шуда, домод 25 ва зан 18 сол доштанд.
“Шаби 5-уми декабр ҳаво сард мешавад ва онҳо барои гарм кардани хона аз ангишт истифода мебаранд. Субҳи 6-уми декабр наздикони домод дарро мекушоянд ва маълум мешавад, ки зану шавҳар аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо зану шавҳар дар роҳ ҷон медиҳанд”, - навиштааст ин расона бо такя ба манбааш.
Ному насаби ҳалокшудагон ва ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест.
Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон дар пайи норасоии барқ, хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт ва таппак гарм мекунанд. Дар баъзе маврид ба гуфтаи мақомот, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавӣ ва марги сокинон мегардад. Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат раисиданд.
Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2024 шаш узви як хонавода бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ё оксиди карбон дар Душанбе ба ҳалокат расида буданд. Айнан чунин ҳодиса дар ноҳияи Шаҳристон ҳам рух дода буд, ки 2 кӯдак ҷони худро аз даст дода буданд.




Ҳақи истифода аз басомадҳои радио барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон садҳо баробар зиёд шуд
“Аксу наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр накун!”. Қабули қонун то куҷо ҷашну маросимро танзим кард?
Се муовини вазири корҳои хориҷӣ ва додрасу раисони додгоҳҳои чанд шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Кӣ чӣ вазифа гирифт?
Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакентро ба ҷои дигар мекӯчонанд
Ҷузъиёти кушта шудани Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб
Се узви як оилаи тоҷикро, ки дар Самара аз бӯйи газ ба ҳалокат расиданд, дар зодгоҳашон ба хок супоридаанд
Вазорати нақлиёт гуфт, ки сохтмони роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ, ки дар пайи ҳамлаҳо аз Афғонистон қатъ шудааст, кай барқарор мешавад
То 5 соли зиндон барои тарғиби шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва нашри аксу навори сайди онҳо дар интернет
Нархи "Ҳаҷ-2026" 53 ҳазор сомонӣ муқарар шуд, вале муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо барои адои ҳаҷ ба охир расидааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста