Искандар Шафеиён (Маликӣ), сардори пешини шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва як духтараш заҳролуд шуда, фавтидаанд. Онҳо шаби гузашта, 7-уми декабр дар баъди итеъмоли хӯрок ҳалок шудаанд. Мушаххас онҳо аз чӣ заҳролуд шудаанд, маълум нест.
Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар суҳбат бо "Азия-плюс" марги Шафеиён, ҳамсар ва як фарзанди хурдсолашро тасдиқ кард. Вале гуфт, "тафтишот маълум мекунад, ки онҳо аз чӣ фавтидаанд".
Дар ҳамин ҳол, як манбаъи дигари мо, ки аз қазия огоҳ аст, гуфт, аҳволи ҳамаи аъзои ин оила, аз ҷумла ҳамсару фарзандон ва модараш баъди хӯроки шом бад шуд ва то омадани табибон падару модар ва як фарзанд ҳалок шуданд, модар ва фарзанди дигари Искандар Шафеиён ҳоло дар шӯъбаи эҳёи бемористони Исфара бистарӣ мебошанд.
Ҷузъиёти дигари ҳодиса ҳоло маълум нест. Аз Раёсати тандурустии Суғд гуфтанд, ки тафтишот идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати назорати давлатии санитарию эпидеологии вилоти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки хӯроке ки онҳо шом истеъмол карданд, барои ташхси ин ин ниҳод оварда шуда, натиҷаи он дертар эълон карда мешавад.
Ҷасади Искандар Шафеиён (Маликӣ), ҳамсар ва фарзандаш имрӯз, 8-уми декабр ба зодгоҳашон деҳаи Вешисти шаҳри Панҷекат бурда мешавад.
Номи Искандар Шафеиён замоне расонаӣ шуд, ки дар задухӯрдҳои марзӣ бо Қирғизистон ҷароҳат бардошт. Баъдан алайҳи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз ва ӯро ҷаримаву аз вазифа озод гардид. Вақтҳои охир ба соҳибкорӣ машғул буд.




Дар куҷо ва чӣ гуна метавон идораи паҳпод омӯхт?
Баъди 25 сол. Боздошти марде бо гумони рабудани писари собиқ муовини Додситонии нақлиёт
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 3
Содироти мева аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кам шудааст
Нархи маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон дар як сол чӣ гуна тағйир ёфт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2026
Ҳақи истифода аз басомадҳои радио барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон садҳо баробар зиёд шуд
“Аксу наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр накун!”. Қабули қонун то куҷо ҷашну маросимро танзим кард?
Се муовини вазири корҳои хориҷӣ ва додрасу раисони додгоҳҳои чанд шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Кӣ чӣ вазифа гирифт?
Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакентро ба ҷои дигар мекӯчонанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста