Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ ҷангалбони боғи «Ғалаба»-и пойтахт Маҳкам Ҷӯраевро дар содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 247-и Кодексии ҷиноии ҶТ (қаллобӣ ба миқдори калон) гунаҳкор кардаанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти агентӣ хабар доданд, гумонбаршуда бар ивази мукофотпулӣ ба маблағи $6 ҳазор ба сокини пойтахт ваъда додаст, ки барои бунёди манзили зист ба ӯ қитъаи замин ҷудо мекунад ва ӯро бовар кунонидааст, ки ҳуҷҷатҳои замин ба таърихи гузашта қайд карда хоҳанд шуд. «Кормандони агентӣ ҷангалбонро ҳангоми гирифтани пора дар хонааш дастгир карданд. Зимни кофтуков аз хонаи М.Ҷӯраев ҳамчунин миқдори зиёди варақаҳои холии қарорҳои Шӯрои вакилони мардумии ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо мӯҳру имзоҳо дарёфт гардида, мусодира шуд», - изҳор дошт манбаъ. Бино ба иттилои сарчашма, аз гумонбаршуда ҳамчунин 16 шиносномам шаҳрванди ҶТ ва каме маводи мухаддир низ мусодира гардидааст.
Радио эфир



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста