Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қазияи додгоҳии ду роҳбари Ҳизби Демократии Тоҷикистон (ҲДТ) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси расман эътирофшудаи ҲДТ Масъуд Собиров аз роҳбари яке аз се ҷиноҳи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов даъво дорад, ки барои чун раиси ҳизб худро муаррифӣ карданаш, ба сифати ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯ 150 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад.
Дар аризаи даъвогиаш М.Собиров аз мақолаҳои С.Исмонов дар ҳафтаномаи «Фараж» ёдовар мешавад, ки дар онҳо ӯ худро раиси ҳизб номидааст.
Дар ҳамин ҳол, С.Исмонов мегӯяд, ки даъвои М.Собиров «ҳеҷ асосе надорад». «Аввал, М.Собировро чун роҳбари ҳизб танҳо мақомоти ҳукумати расмӣ эътироф мекунанд, на раёсати ҲДТ, - изҳор дошт ӯ. - Дуввум, ба сифати даъвогар ӯ ба толори додгоҳ ҳозир нашудааст ва ҳузури рӯзноманигоронро дар толор манъ карданд, ки ин ба гумони ғаразнок будани баррасии даъво мебарад».
Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бояд
қарори ҳалномаи додгоҳӣ бароварда шавад.
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста