Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Маркази назорати давлатии вогириву беҳдошти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб аз 15 дӯкони гӯштфурӯшӣ 3-тоашро баст.
Сардухтури давлатии назорати беҳдошти минтақаи Кӯлоб Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки онҳо ба иллати риоя накардани талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ, мавҷуд набудани яхдонҳо, ки дар фасли гармо яке аз талаботи асосӣ шуморида мешаванд, баста шудаанд.
«Нархи гӯшт хеле қимат аст ва рӯзона на ҳама вақт пурра фурӯхта мешавад ва муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани он дар гармӣ қатъиян манъ карда шудааст», - гуфт ӯ ва афзуд, ки санҷиши дӯконҳои гӯшт дар ҳамаи 10 ноҳияи минтақа оғоз гардидааст ва мунтазам идома хоҳад ёфт.
«Се нафар соҳибони дӯконҳои басташудаи бозори «Саховат» ҳамчунин барои иҷро накардани нишондоди эпидемиологон ба андозаи 180 сомонӣ ҳар яке ҷарима баста шудаанд», - гуфт дар анҷом М.Давлатов.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста