Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе аз муомилоти ғайриқонунии навбатии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.

Аз агентии мазкур хабар доданд, ки зимни тафтиши маълумоти фаврӣ кормандон сокини бекори 29-солаи шаҳри Душанберо боздошт намуданд, ки зимни ковтуков аз ӯ ба миқдори 1 килову 261 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.

«Боздоштшуда иқрор гардид, ки маводи мазкур барои фурӯш пешбинӣ шудаааст», - изҳор дошт манбаъ. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.