Хуҷанд. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шимоли Тоҷикистон кормандони Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ 16 ҷиноятро ошкор ва фаъолияти се гурӯҳи муташаккили қочоқчиёни маводи мухадирро қатъ сохтанд.

Мувофики маълумоти раёсати номбурда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 332 килову 120 грамм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 129 кг 332 грамми он героин аст.

«Дар фурудгоҳи Хуҷанд кӯшишҳои интиқоли маводи мухаддир ба шаҳрҳои Маскав ва Новосибирски Русия ҷилавгирӣ карда шуданд, - изҳор доштанд дар раёсат. - Дар маҷмӯъ, дар ин ҷо 6 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ошкор гардида, 7 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла се нафар занон боздошт шуданд».

Дар қаламрави Федератсияи Русия дар нимсолаи аввал 11 нафар шаҳрвандони вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шуданд, ки чор нафари онҳо сокинони ноҳияи Мастчоҳ, се нафар аз Спитамен, ду нафар аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як нафар сокини шаҳри Панҷакент мебошанд.

То ҳол дар вилояти Суғд амалиёти густардаи «Кӯкнор-2008» идома дорад, ки дар баробари кормандони агентӣ дар он намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ иштирок мекунанд. Зимни баргузории амалиёт дар заминҳои бесоҳиби хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 9,7 гектар кишти бангдона ошкор гардида, беш аз 1 млн. 236 ҳазор ниҳоли он нест карда шуданд.