Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзноманигори тоҷик Сайёфи Мизроб аз болои бахши тоҷикии радиои «Озодӣ», ки чанде қабл он ҷо фаъолият дошт, ба прокуратураи генералӣ шикоят бурд.

Аз хадамоти мониторингии Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки с обиқ корманди бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» қарори худро бо он асоснок мекунад, ки гузоришҳои ин радио унвонии президент, хешу ақрабои ӯ, ҳукумати кишвар, додситонӣ ва шахсони маъруфи Тоҷикистон хусусияти тавҳиномез доранд.

С.Мизроб бар ин назар аст, ки радиои мазкур солҳои ахир тамоми амалҳои ҳукуматро таҳрифомез мунъакис мекунад. «Ӯ фаъолияти раҳбарияти радио, аз ҷумла мудири бахши тоҷикии он Қудрат Шаҳидиро низ ғайриқонунӣ ва дасисаҷӯёнаву бадномкунанда меҳисобад, - хабар доданд аз АМВАОМТ бо истинод ба мусоҳибаи рӯзноманигор дар рӯзномаи «Нигоҳ». - Кормандони хадамоти минтақавии радио дар вилояти Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хонандагону шунавандагон мунтазам бо 7 суол муроҷиат мекунанд ва бад ин васила назарсанҷии афкори ҷомеа баргузор менамоянд, гӯё афкори 300 нафарро сабт мекарда бошанд. Дар пешниҳодот ба мақомоти раҳбарии радиои «Озодӣ» Қудрат Шаҳидӣ иброз доштааст, ки сабтҳои ин 300 нафар пурсидашудагон дар бойгонии бахши тоҷикии радио маҳфуз аст, аммо ҳангоми пахши барнома оид ба назарсанҷӣ аз ин овозҳо истифода нашудааст». Ба назари С.Мизроб, ин гувоҳи он аст, ки раҳбарияти радио ба «таҳрифи далоил» машғул аст.

АМВАОМТ ҳамчунин бо истинод ба ин мусоҳиба, иттилоъ медиҳад, ки «радиои «Озодӣ» далелҳои беасосеро оид ба «куштори» Ҳасан Саъдуллоев нашр намудааст, ки он хешовандони президентро бадном месозад». «Маълумот дар ин хусус дар бойгонии сомона бо нишонии www.ozodi.org маҳфуз аст ва бояд аз ҷониби додситонии ҷумҳурӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирад, - мегӯяд рӯзноманигор. - Радиои «Озодӣ» бояд расман ба тӯҳмат ҷавоб бигӯяд».

Дар ҳамин ҳол, дар Прокуратураи генералӣ шикоят бурдани С.Мизробро тасдиқ карданд. «Айни замон ариза мувофиқи мӯҳлатҳои муқарраргаштаи қонунгузорӣ баррасӣ мешавад», - афзуд манбаъ.