Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Додситонии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон барои ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин ба писаронаш нисбат ба раиси кооперативи истеҳсолии «Маданият» парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.

Сарёвари додситони ноҳия Соҳибназар Қувватов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки гумонбаршуда Анвар Воҳидов қиъаҳои заминеро, ки барои сохтмони гаражҳо пешбинӣ шуда буданд, ба писаронаш додааст. Ҳамчунин ошкор шудааст, ки ӯ аз ҳисоби заминҳои обёришаванда ба чаҳор нафар шаҳрвандони ноҳия низ замин ҷудо кардааст. Нисбат ба аъмоли А.Воҳидов тибқи моддаи 295, қ.1   (сӯиистифода аз ваколатҳои хизматчии созмонҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои дигар) ва чаҳор шаҳрвандони ноҳия тибқи моддаи 334. қ.1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Худсарона ишғол намудан) парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд. С.Қувватов зикр кард, ки аз ин аъмоли ғайриқонунӣ ба давлат беш аз 84 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст.

Зикр гардид, ки ҳангоми баргузории санҷиши прокурорӣ як қатор қонуншиканиҳои марбут ба ғайриқонунӣ ҷудо намудани замин аз ҷониби раиси ноҳияи Бохтар, раисони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор гардиданд. Аз ин рӯ, додситони ноҳия нисбат ба 5 қарори раиси ноҳия, 8 қарори раисони ҷамоатҳо ва 9 қарори раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ эътирознома баён кардааст.

Дар ҷараёни санҷиш инчунин далелҳои ғайримақсаднок истифода намудани заминҳо низ ошкор шуданд. Нисбати ҳамаи ин далелҳо додситонии ноҳия таъиноту нишондоҳо ирсол карда, чанде аз қонуншиканон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.