Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ҷинояти навбатии марбут ба қочоқи ҷавоҳирот ба миқдори зиёдро ошкор сохтанд.

Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми тафтиши маълумоти фаврии расида, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ зимни харидуфурӯши ғайриқонунии маҳсулоти тилловорӣ шаҳрванди Тоҷикистон Қурбонгул Ҳаитова, Туркия - Айдин Ҳакам ва Ӯзбекистон - Дилдора Утарова боздошт шуданд.

«Шаҳрвандони Тоҷикистону Туркия ҳангоми фурӯши 24 номгӯи ҷавоҳирот ба шаҳрванди Ӯзбекистон, ки маблағи он 7 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, боздошт шуданд», - иттилоъ дод манбаъ.

Ба гуфтаи корманди агентӣ, дар ҷараёни тафтиши минбаъда маълум гашт, ки шаҳрванди Туркия бо Қ.Ҳаитова ақди никоҳ баста, муддати чандин сол бо ҳам зиндагӣ мекардаанд ва тилловориро ӯ ба Тоҷикистон овардааст.

«Ҳангоми кофтукови манзили зисти боздоштшудагон кормандони агентӣ ҳамчунин ҳудуди 4,5 кило тилловорӣ ва 427 ҳазор доллари амрикоиро дарёфт ва мусодира карданд», - афзуд манбаъ.

Нисбат ба далели мазкур тибқи моддаҳои 259 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 286 (Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) ва 289-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.