Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар натиҷаи баргузории амлиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ чанде қабл кормандони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе ду ҳодисаи ғайриқонунӣ ворид сохтан ва фурӯши ҷавоҳиротро ошкор сохтанд.

Аз агентиии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз сокини пойтахт Хадича Мухторова 12,5 кило тилловорӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст, ки маблағи он ҳудуди 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Тилловорӣ ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода шуда, бидуни иҷозатнома ва нишонаҳои махсус фурӯхта мешуданд.

«Сокини дигари шаҳри Душанбе бо содир намудани чунин қонунвайронкуниҳо 227 номгӯи маҳсулоти тилловориро ба маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст», - афзуд манбаъ.

Нисбат ба ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.