Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс - Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба гумони интиқоли маводи мухаддир шаҳрванди Испания Валерий Гаврешукро аз парвози хатсайри «Душанбе-Истанбул» боздоштанд.
Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳангоми аз назар гузаронидани борхалтаи сафарии боздоштшуда аз он ҳудуди се кило ҳероин дарёфт ва мусодира карда шудааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.
Қобили зикр аст, ки ин нахустин ҳодисаи аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ интиқол додани маводи мухаддир аз Тоҷикистон набуда, қаблан шаҳрвандони Уганда, Африқои Ҷанубӣ, Филиппин ва Афғонистон низ ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва маҳкум шудаанд.



Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста