Дар ҳамин ҳол, дар идомаи сӯҳбат оид ба ин мавзӯъ муовини аввали додситони кулли ҷумҳурӣ Абдусамеъ Додобоев қайд кард, ки феълан кор бурдан аз рӯи ин парванда қатъ шудааст. «Тафтишоти ҳамаҷонибаи парванда ҳаҷми кори зиёдеро тақозо дорад, вале дар ҳар сурат ҷинояткорон беҷазо нахоҳанд монд, - гуфт ӯ. - Рӯзноманигор Олимпурро 13 сол пеш кушта буданд, вале қотил чанд рӯз қабл ҷазояшро гирифт».
Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд.
Дар ҳамин ҳол, 3-уми октябр бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт барҳам дода шуд. Ҳамаи кормандони раёсати мазкур, ки ба он полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов роҳбарӣ мекард, силоҳҳояшонро ба мақомот супориданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов изҳор дошт, ки пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чунин қарор омадаанд. «Мо 14 адад аслиҳаи оташфишон супоридем ва акнун ҷои кори минбаъдаи моро Раёсати кадрҳои вазорат ҳал хоҳад кард», - гуфт ӯ.
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста