Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки аз рӯи ҳамаи аломатҳои дарёфтшуда, қатли милисаи яке аз шӯъбаҳои посдории «Ориёнбонк» Одина Давлатов барқасдона сурат гирифтааст.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати ташкиливу назоратии вазорат Муҳаммадӣ Шафоатов иброз дошт, ки фарзияи ғорат ин ҷо ҷой надорад, зеро ҷинояткор пас аз содир намудани ҷиноят дарҳол аз ҷои ҳодиса ғайб задаст ва аз бонк чизе ба ғорат бурда нашудааст.
«Кӯшиши шикастани қуфл ва ё рабудани чизе ба мушоҳида нарасидааст ва ин гувоҳи он аст, ки онҳо бо ҳам шинос будаанд, - идома дод ӯ. - Феълан фарзияҳои дигари содир намудани ҷиноят, аз ҷумла бар асоси муносибатҳои хусуматомези шахсӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд».
Ёдрас мекунем, ки субҳи 19-уми октябр сержанти милисаи шӯъбаи Хадамоти
давлатии посдории шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт Одина Давлатов ҳадафи тири қотил қарор гирифт. Ҷинояткор ба сари милиса тир холӣ кардааст. Ҳодиса дар давоми соатҳои аз 5 то 7-и субҳ рух додааст. Қотил ба бинои шӯъбаи бонк ворид гардида, аслиҳаи хидматии милисаро мегирад ва бо он ба пешонии О.Давлатов тир холӣ мекунад, ки бар асари он милиса дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Тафтиши ин ҳодиса ба зиммаи гурӯҳи фавриву тафтишотӣ таҳти сарварии муовини вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров вогузор гашт.
НБО-ҳо бартариятро аз даст медиҳанд? Истеҳсоли неруи офтобӣ ва бодӣ афзоиш меёбад
Қурби рубл нисбат ба сомонӣ то сатҳи як соли пеш поин рафт
Ифтитоҳи Маркази шуғли фосилавӣ дар Шуғнон
“Ҳар кас фалаксаро шуда наметавонад”. Мусоҳиба бо фалаксарои ҷавони тоҷик Манучеҳр Бурҳонов
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Беморӣ аз ваҳму хиёл”
Чӣ гуна метавон забони яғнобиро ҳифз кард?
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста