Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Сархазинадори Бонки миллии То
ҷ
икистон - Мустафо Асроров дар азонихудкунии зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор сомон
ӣ
, муодил ба беш аз 470 ҳазор доллари амрико
ӣ
гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилоъи раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар - Шерхон Салимзода, 4-ум ва 8-уми июли соли равон Асроров аз кассаҳои Идораи хадамоти гумрук оид ба шаҳри Душанбе, нахуст беш аз 927 ҳазор сомонӣ ва сониян боз 723 ҳазор сомонӣ гирифта, бо роҳи қалбакисозии аснод, ғайриқонунӣ ин миқдор пулро моли худ кардааст.
Нисбати фарди гумонбар, мутобиқи моддаи 245, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ -
(азонихудкунӣ ва исрофкорӣ) ва 323 - (сохтакории хизматӣ), парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. Салимзода ҳамчунин гуфт, ки феълан доираи ашхоси дигаре, ки ба ин ҷиноят даст доранд, муайян карда мешавад.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста