Душанбе. 28-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Сержанти милиса, посдори яке аз ш
ӯ
ъбаҳои «Ориёнбонк» дар Душанбе Одина Давлатов тасодуфан аз тарафи ҳамкораш кушта шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии кишвар хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муайян намуданд, ки дар ин куштор сержанти милиса, корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Сино-1-Алиҷон Шокирови 22-сола даст дорад.
Он рӯзи шум, Шокиров ба маҳали кори дӯст ва ҳамхизматаш Одина Давлатов ба шӯъбаи «Ориёнбонк меояд. Баъди сӯҳбати начандон тӯлонӣ Шокиров аслиҳаи хидматии Давлатовро гирифта, тасодуфан аз он ба сӯи ҳамкораш тир андохта, аз маҳали ҳодиса фирор мекунад.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии кишвар, нисбати фарди гумонбар мутобиқи моддаи 108-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (аз беэҳтиётӣ расонидан ба марг) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Хотиррасон мекунем, сержанти бахши хадамоти давлатии посдории шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Сино-1-и шаҳри Душанбе - Одина Давлатови 32-сола, субҳи рӯзи 19-уми октябр ҳадафаи тир қарор гирифта, ба ҳалокат расид. Корманди милитсия бахши дар кӯчаи Маяковский будаи «Ориёнбонк»-ро посбонӣ мекард. Ҷиҳати анҷоми тафтишоти ҳодисаи куштори корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҳисоби беҳтарин кормандони Раёсати кофтукови ҷиноӣ ва Раёсати мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили вазорати умури дохилӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил гардидааст, ки онро муовини вазири умури дохилӣ Шариф Назаров раҳбарӣ мекунад.



Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Ҳаҷми маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 30% афзуд
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2026
Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста