Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир ба ташкили Маркази ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ қарор қабул карданд.
Тавре хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ медиҳад, раисикунандаи ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД, котиби Шӯрои амнияти Арманистон Артур Багдасарян ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки дар ҷаласа перомуни таъсиси Маркази ягонаи ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи террорзм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ тавофуқ ҳосил шудаааст.
Ба гуфтаи Багдасарян, ташкили чунин марказ инчунин ба «ташаккули имконоти дастаҷамъӣ бобати огоҳкунӣ ва пешгирии оқибатҳои офатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ низ мусоидат хоҳад кард».
Ёдрас мекунем, ки дирӯз дар Арманистон ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД ба кор шурӯъ кард. Ба ҳайати СААД давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд
Воситаҳои пардохт дар Тоҷикистон ҳоло ҳам асосан барои гирифтани пули нақд истифода мешаванд
Давраи таътили мактабхонҳои Тоҷикистон маълум шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста